ХАТЛОН. Таҳти ҳамин унвон имруз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохeрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллоева, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Солиҳов Маҳмадрасул, директории маркази пешгирӣ алайҳи бемории Спид Алифов Ҷаҳонбек ва мудири шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон ва наврасони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандустии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омeзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Баргузории чунин вохeриҳо тибқи ҷадвал ҳафте як маротиба дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо