ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади ташаккулу мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан”-ро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо хонандагони синфҳои 11 ва 10-и муассисаи таълимӣ суҳбату вохӯри баргузор гардонида шуд.
Сараввал суҳбату вохӯриро роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона оғоз намуда. оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундагарро, дар ниҳоди ҷавонон ҷо намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан” ва дигар мавзуҳои рӯзмара баромад намуда, ба хонандагон бори дигар таҳкид намуд, ки аз ин боргоҳи илму маърифат ҳар чи зиёдтар илм омӯхта, таҳкурсии илмоӯзиро аз ин даргоҳи умед мустаҳкам намоянду дар оянда сазоваори номи пуршарафи донишҷӯйи ,баъдан кадрҳои намунавӣ, ҷавонони ба ору номуси миллату давлат, созандаву бунёдкор гардеду дар ҷамеъа нақши муҳиму созгор гузоред.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев И. оид ба мавзуҳои болозикр баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯз барои шумо тамоми шароит муҳайё ҳаст, вазифаи аввалидараҷаи шумо хонандагон ин илм омӯхтану касбу ҳунар аз худ кардан аст.
Дар охир саволҳо аз ҷониби роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба хонандагон оид ба ташаккули мафкураи сиёсии онҳо саволҳо пешниҳод гардида,онҳо кӯшиш бар он намуданд, ки ба саволҳои дода ҷавобҳои мукамал ҷавоб гардонанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо