Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Имрӯз мо ҷашни муқаддаси миллӣ – 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осуда ва ваҳдати комили миллӣ истиқбол гирифта истодаем, ки ба ин муносибат дар тамоми гӯшаву канори ватанамон таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.
Истиқлолият барои мо ҷавонон рӯҳияи озоди ватанпарастӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва имкони бузурге дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Хушбахт аз онем, ки пайваста Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ба хотири рушди маънавиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳаёти ҷомеа, хусусан ҷавонон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин падида худ бозгўи истиқлолияти комили давлатист. Зеро танҳо Пешвоёни воқеан миллӣ метавонанд ба хотири рушди ояндаи ҷомеа, бахусус насли ояндасози худ чунин тасмим бигиранд ва танҳо кишвари озоду соҳибистиқлол метавонад ин имкониятро барои рушди кишвар фароҳам созад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан соли 2018 барои мо ҷавонон соли имкониятҳою муваффақиятҳо дар роҳи рушди зеҳниву ҳунаромӯзӣ ва созандагиву бунёдкорӣ гардид, ки дар мо руҳияи озодихоҳиву истиқлолхоҳиро тақвият бахшид.
Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳо мо ҷавонон саҳми худро дар роҳи пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама дар таҳкими дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои олии милливу давлатдорӣ ва ҳиссагузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ медонем.
Имрӯз вобаста ба талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо ҷавононро зарур аст зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ѓаразҳои гуруҳҳои манфиатҷўро, ки мехоҳанд нерӯи созандаи ҷавононро ба муқобили манфиатҳои давлату миллат истифода баранд, ба дурустӣ дарк мекунем ва бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ намегузорем, ки волотарин ва муқаддастарин арзишҳои миллатамон газанд бинанд.
Мо ҷавонон – Созандагони Ватан ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, саҳми худро дар шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузорем.
Бо ин нияту таманниёт ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди кишварро ба санаи муқаддасу мубораки 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон дар роҳи ҳифзи Истиқлолият ва таҳкиму ҳифзи дастовардҳои он муваффақият ва барои Тоҷикистони азиз Истиқлолияти абадӣ ва сулҳу салоҳи сартосариро таманно менамоем!
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак ҷавонони саодатманди кишвар – Созандагони имрӯзу фардои Ватан!
Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
08.09.2018, ш. Душанбе
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо