ДУШАНБЕ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе аксия таҳти унвони: «Дар тақвияти фарҳанги шаҳрнишинӣ саҳмгузор бошем» доир гардид.
Дар он муроҷиатномаи аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба сокинону бошандагони пойтахт тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи аслии ин иқдом тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо