ДУШАНБЕ. Рузи 01. 09. 2018 нимаи аввали имрӯз дар асоси иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар доираи таҷлили бошукӯҳи ҷашни умумимиллӣ - 27–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он якҷоя бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он шанбегии дастаҷамъонаро роҳандозӣ намуданд.
Дар он кормандон гирду атрофи бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Душанбеагросервис”-ро, ки дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Дӯстии халқҳо” ҷойгир аст, аз алафҳои бегона тоза намуданд Ҳамзамон, дар назди бино гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуд.
Дар ин иқдоми дастаҷамъӣ ҳизбиёни пойхатро кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамроҳӣ карда, дар тозаву озода намудани муҳити гирду атроф саҳми худро гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо