ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки васеъи ҷавонони ҷамоати деҳоти Наврӯзи маҳаллаи Сангоба вохӯрӣ баргузор намуд.
Вохӯриро роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Ш.Останақулов ифтитоҳ намуда, доир ба Соли тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстити ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафҳои Артиши миллӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки онҳо бо ваъдаҳои дурӯғ бархе аз ҷовонони моро мағзшӯӣ карда ба доми худ мекашанд андешаронӣ намуда, иштирокчиёнро ба корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, арҷ гузоштанд арзишҳои миллӣ ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо