ХАТЛОН. Аксия ҳизбӣ таҳти унвони Даҳсолаи банйлмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Чоршанбеи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови нохияи Шахритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира, ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои нимаи дуюми соли 2018 баргузор гардид.
Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба ташаббуси некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ таҳти шиорҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», ки дар баргузории Аксияи ҳизбӣ ҷавонон иштирок доштанд, мавриди баррасӣ дода аз онҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, ҷавобан ба ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон зоҳир мегардад, хониши хубу аъло, меҳнати софдилонаву содиқона ба давлату миллат даъват ба амал овард.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо