ДУШАНБЕ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватанпарвар” дар клуби марказии ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозӣ ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони донишкадаву коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Сино мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Тирандозӣ” аз камонҳои пневматикӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир намуд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи мазкур ҷои аввалро дастаи варзишгарони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҷои дуюм Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва ҷои сеюмро дастаи варзишгарони Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардиданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо