СУҒД. Бахшида ба таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар толори МТМУ №33 –и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии баргузор гардид. Дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ботирҷон Умарзода ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Шерзод Набиев иштирок намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз ин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ва ҷалб намудани ҷавонон ба ТҶҶ «Созандагони Ватан» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, ин қишри ояндасоз пайваста дар мадди таваҷҷӯҳи махсус қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ҷавононро зарур аст, ки бо илму дониши муосир мусаллаҳ гашта, ҷиҳати ободӣ ва рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо