ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик тибқи ҷадвали тасдиқгардида вохурии навбатии худро бо ҷавонони деҳот Интернати Давлатии Кангурт баргузор намуд. Дар вохӯрии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир, иштирок намуда, дар он нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва мавзуи Оиннома Барномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан», вируси норасои масунияти бадан , инчунин дар масъалаи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон , соли рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумро баррасӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо