ШНТҶ. Дар асоси нақша чорабинии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзи 13 феврали соли 2019 дар МТМУ №30 оид ба мавзӯъҳои “Тероризм – хатар ба инсоният”, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан бо наврасону ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Комилҷон Шарипов - муовини Раиси Кумитаи иҷроия, Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Шуҳрат Аминов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндаи комиссариати ҳарбии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри зимни суханронӣ қайд намуд, ки терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо