СУҒД. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона дар МТМУ №41-и ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт соати тарбиявӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид. Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” Маҷидов Б. баромад намуда, оиди шомилшавии бархе аз ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуд. Шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои мазкур аз паст будани камолоти маънавӣ ва ҷаҳонбинии онҳо арзёбӣ кард. Зикр карда шуд, ки маҳз ба ин асос идеологҳои экстремистӣ аз ин омил моҳирона истифода мебаранд ва бо воситаҳои иттилоотии ҳозиразамон, паҳн намудани китобу варақаҳои ташвиқотӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба доми худ мекашанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Таъкид бар он кард, ки барои пешгирӣ аз ин амалҳои бадфарҷом ҷавононро ба илму донишомӯзӣ ва маърифату эҷодкорӣ бояд ҷалб намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо