СУҒД. Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва хатари зуҳуроти терроризм ва экстремизм зимни вохӯрӣ бо хонандагони МТМУ №4 ноҳияи Спитамен баррасӣ шуд. Намояндагони кумиҷроияи ноҳия Умеда Мухитдинова ва Азиза Шукурова оид ба ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, омили асосии хушунат ва ваҳшат шудааст. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати пешгирии хатари ин зуҳурот кӯшиш намоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо