ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, мусобиқаи хурди Футбол, байни ҷавононро ташкил намуд. Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур мудири Шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамзамон роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Худойдод Ёров ибрози андеша намуда, ёдовар шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои –миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Ҳукумати Точикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳама имкониятҳо истифода мекунад.Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо