ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватани" дар ноҳияи Балҷувон вохурии навбатии худро миёни ҷавонони ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", баргузор намуд. Ҳамзамон роҳбари ташкилот Муродова Марҷона оид ба мавзуъҳои болозикр изҳор намуданд, ки имрўз ҳар як ҷавонро зарур аст аз илму техникаи муосир бохабар бошаду барои соҳибмаълумот гаштан тамоми талоши хешро ба кор бубарад. Чунки, тақозои замон ин аст, ки ҷавонони имрўза ҳамқадам замон буда, баҳри пешравии ҷомеъа ҳадафҳои некбинонаро ба роҳ гузошта, дар бунёдкориву созандагӣсаҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо