ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 27.12.2018 дар маҳаллаи Баҳори æамоати деҳоти «Фируза»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯри дар мавзуи «Фаъол намудани ҷавонон дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷалоби» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда қайд кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатаҳои ҷидди барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳову минтақаҳои алоҳида менамояд . Миллионҳо нафар ҷавонон бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳои дигарашон ҷони худро бохтанд. Таҳлилҳои оморӣ гувоҳи онанд, ки ба ҳисоби расмӣ теъдоди нашъамандони бақайдгириташуда дар Тоҷикистон ба беш аз 7000 нафар расида , беш аз 60% -и онҳоро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 1385 нафарашон ба вилояти Хатлон рост меояд. Ин шумораест, ки дар он аксари истифодабарандагони бангдонаву афюн, ки дар қайди расмӣ нестанд, дохил намешаванд. Месазад қайд намоем, ки аз шумораи умумии нашъамандон дар кишвар 3796 нафарашон гирифтори АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) ҳастанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо