ХАТЛОН. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонони фаъоли шаҳр вохурӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва баромад намуда, иброз дошт ки қишри асосии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар идома вобаста ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва пешрафтаю шукуфон ибрози ақида гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо