ХАТЛОН. Вохурии намояндагони ТҶҶ «Созандагои Ватан» дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо аъзоёни ҷавонони Ҷамоати деҳоти Панҷоб баргузор гардид. Зимни вохурӣ Муродали Шамсов дар бораи даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» суҳбат намуд. Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани ин ташаббус шаҳодат аз он медиҳад, ки то чи андоза Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба об асоси ҳайёт ва зиндаги башарият ва истифодаи самараноки он, дастрасии кулли мардумони сайёра ба оби тоза аҳамияти ҷиддӣ медиҳаду дар ҳаққи сокинони сайёра ғамхорӣ зоҳир менамояд. Зимнан масъулин кулли ҷавонони деҳаро барои омухтани илмҳои замони муосир ва ободу зебо гардонидани маҳали зисти худ ҳидоят намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо