ДУХТАРОНИ МАҲАЛЛИ БА ҲУНАРОМУЗИ ҶАЛБ МЕГАРДАНД

Admin Admin Чоршанбе, , 26 Декабри 2018, 14:29 62

ХАТЛОН.  Бо ибтикори намояндагии  ТҶҶ « Созандагони Ватан дар ноҳияи Носири Хусрав дар таърихи 25.12.2018 бо иштироки ҷавонону омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни ноҳиявии тайёр намудани хўришҳои миллӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Озмуни мазкурро роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Ш. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар тарбияи насли наврас нақши калиди дошта, ҷавондухтаронро дар рўҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, маърифатдўстиву масъулиятшиносӣ, рушди хунарҳои мардумӣ тарбия менамояд.    Аз ҷониби ҷавондухтарон доир ба соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми хўрокҳо ва хуришҳои тайёр намудаашонро пешкаши ҳозирин гардониданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои нашршуда

Назардиҳӣ

Фикру андешаи худро нависед.

Ҳоло ягон назар нест.