ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» масъулин таҳти роҳбарии Ҷалолов Абубакр роҳбари ташкилоти мазкур дар ноҳияи Дӯстӣ дар байни ҷавонони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл сӯҳбату вохурӣ доир намуданд. Ҳадаф аз баргузории вохурӣ муттаҳид намудани ҷавонон дар пешбурди сиёсати ҳизбӣ ва рушди ҷомеа мебошад, ки имруз ҷавонон қувваи бузурги ҷомеаро ташкил медиҳанд. Инчуни дар рафти вохурӣ як зумра ҷавонони фаъол, ки дар самти омӯзгорӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №5-и ноҳия фаъолият менамоянд онҳоро ба сафи ҲХДТ шомил намуда, барои аъзо гардонидан ба қайд гирифта шуданд. Зимни суҳбат масъулин оиди дастовардҳо ва корнамоиҳои беназири Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ бобати сохтмону иншоотҳои бузурги даврони Истиқлол маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо