ХАТЛОН. Саннаи 1-уми декабри соли ҷори, ки рӯзи байналмиллалии ВИЧ/СПИД эълон шудааст дар толори Муассисаи таълимии №1 ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсиву сфарҳангӣ баргузор гардид . Дар чорабинии мазкур Роҳбари ташхиси ВНМО дар ноҳияи Қубодиён муҳтарам Содиқов Д, роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия Абдуллоев В иштирок намуданд. Дар ин рузи фараҳ аъзоиёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия, ҷавонони фаъоли ташаббускори КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Валантиёрони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи ватандустии давлати азизамон бо шеъру суруду саҳнача баромад намуданд. Дар охир ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо сурудҳои тару тозаи худ табъи ҳамаи кормандони соҳаи тиббро ва хоҳарони дар инҷо ҳузурдоштаро болида гардониданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо