ХАТЛОН. Таҳти ҳамин унвон имрeз аз ҷониби Кумитаи иҶроияи ҲХДТ дар ноҳия бо фарогирии аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Роғун – равзанае аз нур ба сeйи фардои дурахшон» роҳандозӣ карда шуд. Аксияи мазкур дар ҷойҳои сераҳолии ноҳия, бозору мағозаҳо ва марказҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» зиёда аз 2000 маводҳои гуногуни таблиғотӣ роҷеъ ба санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рў ба рў хоҳад сохт, дастрас карда шуд.
Мардуми ноҳияи Ёвон аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби Халrии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст, ҷонибдори менамоянд. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сўйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он ба бор меояд. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рўшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо