ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ“Созандагони Ватан” дар ноҳияи Муъминобод рӯзи 14.11.2018 дар толори муассаи таҳсилоти миёнаи умуми №2-и ноҳия бо ҷавонони ноҳияи Муъминобод бахшида ба Оғози даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 -2028», Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-ум ва кушодашавии чархаи аввали НБО-Роғун, ҳамчунин баҳри мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат миёни ҷавонону наврасон ва солимии ҷомеа озмун таҳти расми беҳтарин, иншои беҳтарин ва маърузахони беҳтарин гузаронида шуд. Пеш аз оғози чорабини роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Р суханронӣ намуда, онҳоро бо ҷашнҳои сиёсии дар пешистода таҳнияӣ гуфтанд ва ба иштирокчиёни чорабини бурдборию муваффақиятҳо таманно намуданд.
Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия идома доранд
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо