СУҒД. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷавонон ва наврасони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд то, ки онҳо хонанду ба варзиш машғул шаванд вабо донишу чолокии худ номбардори кишвари азизамон Тоҷикистон гарданд. Бахшида ба 24-умин солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-ноябри соли равон Раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ ва Роҳбари “ТҶҶ Созандагони Ватан” Солеҳбой Қобилов бо варзишгарони МТМУ №19, вохурӣ намуданд. Мусобиқа аз рӯи намуди бокс ва самбо доир гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия оиди мусобиқаи ҷавонон баҳои хуб дода таъкид намуд, ки дар оянда ба мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок намоянд. Дар охир ба варзишгароне, ки ғолиб омаданд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо