ДУШАНБЕ. 7- ноябр Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ " Созандагони Ватан"- и ноҳия тибқи дастуру супориши роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шашка миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия барои дарёфти "Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе"- ро бахшида ба рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд. Мусобиқа дар Маркази эҷоди кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ идома ёфта, ғолибон мувофиқи ҳунару маҳорати хеш баҳои сазовор гирифтанд.
Ҳамин тариқ, Наргис Шарипов, хонандаи синфи 8, муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №17 сазовори ҷойи якум, Бежан Шарифов хонандаи синфи 2, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ҷойи дуюм ва Усмон Ҳамроев синфи 5, гимназияи /74 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Фирдавсӣ бо Ифтихорнома, медал тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор дониста шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо