ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав вохурӣ бо ҷавонони маҳаллаи Сангобаи 1 ҷамоати деҳоти «Наврӯз»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо мавзуи «Кониститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда ибрози андеша намуд, ки Кониститутсия Чумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарбахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондўстона дар таффакури ҷомеаи ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилал нақши созгору таърихӣ дорад. Аз ин рў, таҳия ва қабули Кониститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рўйдоди муҳими таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо