ХАТЛОН. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонон хонандгони сифҳои болои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , мутахасиси шуъбаи ташкили ва ба ҳисобгири Исоев Фаррух ва омузгорон иштирок намудан. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда, сипас дар бораи рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда қайд намуд, ки Ҳар сол 6-ноябр дар мамлакат рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад, маҳз дар ҳамин рӯз соли 1994 дар таърихи навини давлатдории миллӣ мо бори нахустин тариқи райпурси умумихалқи конститутсия ҷавобгу ба манфиатҳои олии миллат қабул гардида, ки дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир мебошад. Ба вазъи мушкилоти сиёсиву иқтисоди ва ичтимои он вақта нигоҳ накарда, сокинони мамлакат дар райпурси фаъолона ширкат варзида нахустин конститутсияи соҳибистиқлоли худро қабул намуданд. Конститутсия дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризояти миллӣ дар саросари мамлакат нақши асосиро мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нақши конститутсия чунин таъкид намудаанд «Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин санади танзимкунандаву муаянсозандаи низоми давлатдори ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.» Воқеан истиқлолият ва конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигаро комил месозад, зеро давлати соҳибихтиёр бе конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ конститутсия ҳамчун санади олии ё қонуни асосии истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқи, иқтисодиву ичтимоӣ ва фарҳанги ҳаёти ҷомеаро иникос ва таъмин менамояд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо