ХАТЛОН. Вохӯрии навбатии намояндагии ТҶҶ “Соозандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷавонони деҳаи Файзобод Ҷамоати деҳоти Даштигуло баргузор гардид. Зимни вохури Муродали Шамсов дар бораи бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои (ВИЧ/СПИД) ва гепатити С бисёр ташвишоваранд баромад намуд. Мазкур қайд кард, ки бемориҳои сироятаз се омили асоси тартиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё ҳайвони сироятёфта), ноқили ангезанда, одамони ба сироят ҳассос. Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ, ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва ғайра мусоидат менамоянд. Бемориҳои сироятӣ ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда мешаванд. Антропонозҳо фақат хоси одам буда, одам танҳо аз одам сироят меёбад. Зоонозҳо хоси ҳайвононт буда, ба онҳо одам низ гирифтор мешавад, аз ҷумла, ҳангонми тамос бо ҳайвони касал. Масалан, чунин назарияе ҳам вуҷуд дорад, ки ВНМО/АНМО аз маймун ба одам гузаштааст. Дар маҷмуъ бемориҳои сироятӣ ба ду гурўҳ тақсим мешаванд: табобатшаванда, ки таҳдидашон ба ҳаёт пасттар ва табобатнаш аванда бо таҳдиди марги ногузир.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо