СУҒД. Дар асоси дастуру супоришҳои кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон вохӯри бо якҷоягии ҷавонони муассисаҳои таълими ва донишҷӯёни Литсейи касбии саноатии кишоварзии ноҳия дар қисмҳои низомии деҳаи Себзор, ки дар сарҳади ноҳия ҷойгир аст бо роҳбарии аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони ватан” Эргашев Ҷаҳонгир дидан намуда бо сарбозон вохӯри гузаронида шуд. Ҷавонон бо шароити сарбозони қисмҳои ҳарбии низоми аз наздик шинос шуда шавқу завқи ҷавонон нисбати хизмат ба ватан хеле афзуда ба худ вада додаанд, ки мо дар синни афсари бе ягон мамоният барои хизмат ҳамеша пешсаф хоҳем монд. Чунки дар солҳои 1991-1998 хизмат ба Ватан хеле воҳиманок буд. Ҳоло бо сиёсати оқилонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷанобӣ Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити сарбозону афсарон дар қисмҳои низомию ҳарби хеле беҳтар шудааст. Инро ҷавонон бо чашмони худ дида шоҳид шуданд, ки шароит аз базе хонадонҳои деҳот беҳтар будааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо