ШНТҶ. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.
Аз ин рў ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва дар ин миён наҷот бахшидани кишвар аз оқибатҳои нангбору мусибатовари ин зуҳуроти номатлуб лозим донистем, ки дар байни ҷавонон мавзўи мазкурро то ҷое таҳлилу баррасӣ намоем.
Дар ин раванд, санаи 19 октябри соли 2018 бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор вохўрӣ бо ҷавонони деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор оид ба мавзўи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гузаронида шуд.
Зимни суханронӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор қайд намуд: мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.
Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористию эстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин рўйхат гурўҳҳои террористие чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Толибон»-и Афғонистон, «Гурўҳи 24», «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)» ва дигарон шомиланд.
Инчунин, масъалаи афзоиши маводҳои муғризонаи гурўҳҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ, ки воқеъиятро нодуруст инъикос менамоянд, баррасӣ гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо