ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант чорабинии навбатии худро таҳти шиори «Садоқат ба Ватан мароми мост» бо ҷалби зиёди аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи ташкили ва ба ҳисобгирӣ Шаҳло Шомудинова , роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан», мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун Ниёзалиева Фазилат, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Истиқлолият, Сулҳу Ваҳдат қироат карданд.
Сухани ифтитоҳиро роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова оғоз намуда, ҷавононро доир ба масъалаи шакли нодурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи навин фаҳмонида , таъкид намуд, ки асри 21 ҳамчун асри илму техника ба он хотир эълон гардидааст, ки ҷавонони ин аср барои худ як ғизои маънави гиранд ва барои пешрафти илм аз он истифода кунанд.
Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова суханрони намуда, иброз доштанд, ки Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад,
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо