ХАТЛОН. Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳасти инсон дар ҳар давру замину замон аст. Ба хотири пойдор намудани ваҳдати миллӣ, тарбия намудани ҷавонон ба руҳияи ватандӯстӣ Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонони маҳаллаи "Дӯстии Халқҳо"-и шаҳри Бохтар вохурӣ баргузор намуд. Дар вохӯрии мазкур Роҳбарони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоли Сомонӣ иштирок намуданд. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан ба гуруҳои ифроти » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда, Сипас дар идома Роҳбари намояндаги ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Душанбе Шамсов ба сухан баромада оиди «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу субботу амнияти кишвар» ба ҷавонон фикру ақидаи худро бараси намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо