ХАТЛОН. Дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Борхтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии «Омӯзгорон» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар якҷояги бо намояндагии ТҶҶ "созандагони Ванатан" аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Забони модарии мо яке аз муқаддасоти Миллӣ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории аст! » доир гардид. Дар он зиёда аз 730 маводҳои таблиғоти ба ҷавонону, омӯзгорону кормандони ташкилоту муассисаҳо тақсим карда шуд. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба онҳо фаҳмонида шуд, ки Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангто замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва бо воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо