ХАТЛОН. Бахшида ба рӯзи бузургдошти мавлоно Ҷалолиддини Балх, ва бо ибтикори бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и дар ноҳияи Носири Хусрав дар муассисаҳои таълими, ва китобхонаҳои деҳоти ноҳия бо ширкати васеъи ҷавонону духтарон –аъзои ТҶҶ“Созандагон Ватан” чорабиниҳои фарҳангӣ, ва маҳфилҳои мавлонохон, баргузор гардид. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 3 деҳаи Муротеппа маҳфили мавлонохон, бо як шукуҳу шаҳомат баргузор гардид. Хонандагони муассиса аз эҷодиёти мавлоно ҷалолиддини Балх, шеърҳо қироат намуда саҳнаҳои ҷолибе аз ҳаёти мавлоно бо як санъати баланд намоиш доданд. Роҳбари бахши намояндагии Тҷҷ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Шодмонбек Остонақулов хонандагону омӯзгоронро барои дар сатҳи баланди фарҳанги ва маҳорати хеле ҷолиб баргузор намудани чорабинии бахшида ба бузургдошти мавлоно ҷалолиддини Балхи таҳсину офарин гуфта, ба онҳо барору бурдбориҳоро таманно намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо