ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Қубодиён бо ҷавон фаъолони маҳаллаи Мирзо Турсунзода дар таърихи 25 –Сентябри соли ҷорӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан маромӣ мост!” вохуриву мулоқот доир гардид. Дар ин ҷамъомад асосан барои пешгири намудани ҳодисаҳои нохуш аз қабили худкуши , суи қасд ба ҷон ҷудошавии оилаҳо махсусан дар байни ҷавонон , дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд , масъулияти фарзанд нисбати падару модарони хеш, дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротию экстремистӣ, зуровори дар оила ва инчунин дар бораи 10-солагии байналмилалии амал об барои рушди устувор, дар бораи тайғироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба дигар қонунҳое ,ки тағиру иловаҳо ворид шудаанд фаҳмонида дода, суханрони намуданд. Дар вохурии мазкур муҳтарам Мамадмуродов Х собиқадори ҲХДТ дар ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки имруз дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки тамоми ҷомеаро нигарон намудааст ин проблемаи тероризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм фарогири ҷомеаи имрӯза гардида, ба хатарҳои умумиҷаҳонӣ табдил гаштааст. Имрӯзҳо кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин корҳои номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои лозими метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд. Сипас аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Назаров Ойбек қайд намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гуруҳои амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дуруғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гунна гуруҳҳо ҷалб намуда, ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз занон гардида истодааст. Инчунин оиди ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст яъне ҷавононе, ки ба гуруҳи сайёҳони хориҷи ҳамла намуда, боиси марги 4-нафари онҳо гардиданд сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ин амали гуруҳи тераристоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида ҳолоҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро балки ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта умри ҷавони худро барбод додаанд. Сипас аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”Иброимзода Жасмина оиди ғамхори ва дастгирии роҳбари давлат нисбати ҷавонон ва вохурии роҳбари давлат бо ҷавонон, барои тасдиқи Барномаҳои соҳаи ҷавонон, нисбати квотаи Президенти, техника техналогияҳо барои ҷавонон, ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбати ҷавонон, бо тариқи роҳбари кардани ҳар гуна вазифаҳо, тарбияи фарзанд ба 3 зина мебошад. Аз боғча , мактаб, мактаби Олӣ, нисбати ҷавонон, барои содир намудани ҷиноят, нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суханро ба хотима расонида шуд. Дар фароварди вохури барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд. Ба шарофати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун рушди ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро беҳбуди бахшанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо