ХАТЛОН. Дар асоси наrша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и муассисаи таълимии миёнаи умумии №29 бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 80 нафар ҷованон, вохӯрии судманд таҳти унвони «Рӯдакӣ – дурахшонтарин ахтар дар адабиёти форс-тоҷик!» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, иброз намуд, ки: - Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро “султони шоирон” ва “устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо