ХАТЛОН. Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар кушодашавии маркази ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷавонон ширкат варзида дар он ҷавондухтарону занони ҳунармандӣ Балҷувони ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта будаанд. Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ин аст, ки занону духтарони ҳунарманди мо тамоми сайю талоши худро ба кор бурда истодаанд, ки эҳё гардонии ҳунарҳои миллииву аҷдодӣ ва хонаводагиро рушду равнақ дода, кушиш менамоянд, ки ҳунарҳои миллиро зинда нигаҳ дошта, дар заминаи мазкур корхои назаррасро ба анҷом расонанд. Ин марказ барои омўзонидани ҳунарҳои дузандагӣ, қанодӣ, забонҳои хориҷӣ ва курси компютерӣ тамоми шароитҳои лозимиро барои касбомўзон муҳайё гардонидааст, ки онҳо метавонанд аз ин даргоҳ тариқи ройгон касбу ҳунарҳи гуногун ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо