ДУШАНБЕ. Дар толори Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои баланд бардоштани зираки сиёсии ҷавонон ва тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, дарси сиёсӣ дар ҳошияи мақолаи муовини якуми ҲХДТ, доктори илмҳои фалсафа Фаттоҳзода Саидмурод Самад таҳти унвони “Мактаби одамият” бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.
Дар чорабинӣ Шамсов Сайдалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Дӯстзода Афзалшо- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо