ХАТЛОН. Вохурии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Муродали Шамсов ва Моҳира Одинаева бо аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 баргузор гардид . Зимни вохури муовини Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродали Шамсов дар бораи ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақсади пешгири аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо бо ҷамомадагон суҳбат намуд. Муродали Шамсов қайд кард, ки шабакаҳои иҷтимоии маъмули, ки ҷавонони мо бештар истифода мебаранд иборатанд аз: «Одноклассники», «В-контакте», «Фейсбук», «Инстаграм», «Твиттер» ва ғайра. Яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоии хеш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимои дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои инсонӣ аз асли худ дур мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо