ХАТЛОН. Тибки чадвали баргузори сухбату вохўрихо аз ҷониби намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш бо хонандагони синфхои болоии муассисаи тахсилоти миёнаи умуми санаи 12.09.2018 дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №56-и Чамоати шахраки Вахш сухбату вохўри бо хонандагони синфхои 11-и муассисаи мазкур тахти унвони «Садокат ба Ватан мароми мост!» баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур рохбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ХХДТ дар нохияи Вахш Нуралиева Мадина иштирок ва суханрони намуд. Нуралиева Мадина дар суханронии худ кайд намуд, ки мухаббат ба Ватан асосан дар давраи кудаки зохир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Хиссиёти Ватандусти ин худ садокат ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавкеи хосса дорад. Хаким Фирдавси дар «Шохнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандусти ва адолатхохист, хифзи Ватанро аз бахои чон болотар гузошта гуфтааст:
Хама сар ба сар тан ба куштан дихем,
Аз он бех, ки кишвар ба душман дихем
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо