ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1 –и ноҳияи Қубодиён бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан маромӣ мост!” вохуриву мулоқот доир гардид. Дар вохурии мазкур муҳтарам Мамадмуродов Х собиқадори ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, қайд кард, ки имруз дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки тамоми ҷомеаро нигарон намудааст ин проблемаи тероризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм фарогири ҷомеаи имрӯза гардида, ба хатарҳои умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои тарбияви метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб таъсири мусби расонад. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Як ҳамлаи гурӯҳи террористии Толибон ба мактабе дар шаҳри Пешовари кишвари Покистон, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 нафар ба ҳалокат расид, ба гуфтаҳои боло мисоли равшан буда метавонад. Дар ин замина, мушкилоти дигар гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.
Сипас аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Саторзода Саодат қайд намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гуруҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дуруғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гунна гуруҳҳо ҷалб намуда, ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз занон гардида истодааст. Инчунин оиди ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст яъне ҷавононе, ки ба гуруҳи сайёҳони хориҷи ҳамла намуда, боиси марги 4-нафари онҳо гардиданд сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ин амали ваҳшиёна кирдори гуруҳи тераристоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида ҳолоҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро балки ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта умри ҷавони худро барбод додаанд. Ҳеҷ амале бе подошт нахоҳад монд.
Дар фароварди вохури аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ ба насли наврас саҳмгузор бошем. Ба шарофати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, имкон медиҳад, ки дар рушду нумуи ҳунарҳои миллӣ мо метавонем дар афзоиш додани иқтисоди миллӣ ва оилавӣ саҳми еандоза гузорем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо