ХАТЛОН. Тибки чадвали баргузори сухбату вохўрихо аз ҷониби намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар нохияи Вахш бо хонандагони синфхои болоии муассисахои тахсилоти миёнаи умуми санаи 05.09.2018 дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №1-и Чамоати шахраки Вахш сухбату вохўри бо хонандагони синфхои 11 тахти унвони «Садокат ба Ватан мароми мост!» баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур рохбари намояндагии ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи ичроияиХХДТ дар нохияи Вахш Нуралиева Мадина иштирок ва суханрони намуд. Нуралиева Мадина дар суханронии худ кайд намуд, ки Ватан-хушбахтию ободии мост. Ватан – бехбудию бехрўзии мост, Ватан хушхолию фирўзии мост. Ватан сарнавишту кисмати хар як инсон, модари мушфику мехрубон аст. Агар модари асли моро ба дунё оварда бошад,Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин огуш кушодааст. Хисси ватандўсти ба дарачае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонанд.
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райхон хуштар.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо