СУҒД. Рӯзи гузашта мутобиқи нақша – чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар кӯчаи С.Иминҷонов-и ҷамоати шаҳраки Шайдон таҳти мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” бо наврасону ҷавонони ин маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти гузаронидани суҳбат мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. бо ҷавонон оиди дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сухан карда, қайд кард, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Хушбахтона баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ҳукумати мамлакат аз рузҳои нахустини мустақилияти худ ба ҷавонон аҳамияти хосса равона намуда, ин қишри ҷомеаро дар мадди назари барномаҳои худ қарор додааст. Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлати ниҳоят бузург буда, маҳз ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии давлату ҳукумат имрӯзҳо бо азму иродаи қави ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош менамоянд. Боиси қайд аст, ки ба чорабинии мазкур зиёда 15 нафар ҷалб карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо