ХАТЛОН. Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷояги бо намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар яке аз ҷои бузургдошти таърихи ва саёҳии ноҳия Мақбараи ба номи Имом Зайналобиддин ва Осорхонаи ёдгориҳои тарихии он боздид ва вохурӣ баргузор гардид. Дар Осорхонаи мазкур тамоми нигораҳо ва боздёфтаҳои таалуқ ба даврони бузургвор маърази намоиш гузошта зоирон ва саёҳони дохилӣ ва хориҷи аз ин нигораҳо ва боздёфтҳои таьрихии ҳудуди ноҳия дидан намуданд. Директори Маҷмааи " Мақбараи Имом Зайналобиддин" Қурбонов Назармуҳаммад зимни сӯҳбат зикр намуд, ки тамоми ин ободкориҳо аз тарафи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин ободкориҳои даврони Истиқлолият мебошад. Дар рафти вохурӣ бо саёҳон, меҳмонон суҳбат ороста шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо