ДУШАНБЕ. 25. 08. 2018 Субҳи имрҳз чун анъана ин навбат дар асоси иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили бошукҳҳи ҷашни умумимиллӣ - 27–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он якҷоя бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Фирдавсӣ шанбегии дастаҷамъонаро роҳандозӣ намуданд.
Дар он кормандон гирду атрофи бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Душанбеагросервис”-ро, ки дар шафати Боқи фарҳангӣ-фароқатии “Дҳстии халқҳо” ҷойгир аст, аз алафҳои бегона тоза намуда, баргҳои хазонро рӯбучин карданд.
Дар ин иқдоми дастаҷамъӣ ҳизбиёни пойхатро кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ин гуна иқдомҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе то таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо