ХАТЛОН. Дар деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсӣ- фарҳангии ҳизбӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳимова Фирӯза оид ба масъалаҳои марбути ташвишовар ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ичунин оид ба эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони карда, даъват бар он кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеаро мебояд дар корҳои ободониву созандаги ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардкмӣ саҳмгузор бошанд.
Дар ин чорабинӣ ҳунарҳои мадумии деҳаи номбурда, аз қабили қуроқдӯзӣ, кашидадӯзи сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки мақсад аз он омӯзонидани насли наврас аз нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо