Ташаббуси “Созанда”

Admin Admin Чоршанбе, , 13 Марти 2019, 13:55 31

СУҒД. Аъзоёни гурӯҳи “Созанда”-и  ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар тасмим гирифтанд, ки бо мақсади дидорбинӣ, табрикоти идона ва расонидани ёрӣ ба корҳои хоҷагии собиқадори меҳнат, модари мушфиқу ғамхор Қодирова Хурсаной сафарбар гарданд. Гурӯҳи ҳизбиён ва наврасони ватанпарвар ба манзили истиқоматии Қодирова Хурсаной ташриф оварда, ин зани поксириштро, ки дар пешравии ноҳия саҳми арзанда дорад, бо муносибати Иди бонувон муборакбод гуфтанд. Сипас, наврасони созанда ба корҳои хоҷагӣ, аз ҷумла, рӯбучини ҳавливу хона, побел намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ёрӣ расониданд.

Хабарҳои нашршуда

Назардиҳӣ

Фикру андешаи худро нависед.

Ҳоло ягон назар нест.