ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватаншо бо донишҷӯёни факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оид ба сиёсати давлатии ҷавонон ибрози ақида кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамеша таваҷҷӯҳ намуда, барои рушду пешрафти онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама соҳаҳои муҳим кору фаъолият доранд. «Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ва ҳамасола 23 май таҷлили гардидани Рӯзи ҷавонон ва таваҷҷӯҳи махсус доштани давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон аст, - гуфт Асадуллозода Ватан зимни суханронии худ ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултет.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо