ХАТЛОН. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ёвон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон бо ҷавонон нлҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Солиҳов Маҳмадрасул ва мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумита Нозиров Хайём иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизму ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо