ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори роҳбари намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 10.12.2018 дар маҳаллаи Бешкенти ҷамоати деҳоти «Истиқлол»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вох¢ри дар мавзуи «Фаъол гардонидани ҷавонон дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда ибрози андеша намуд, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ¯умҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Іизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад. Миллати тоҷик дар саргузашти таърихии худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст. Гузаштагони мо ин шикастро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд. Мо ҷавононро бояд ба руҳияи ватандўсти, ҳуввиятӣ миллӣ ва хештаншиноси ҷалб намоем ва ба дарки ҷавонон расонидани он, ки аз рӯи шариат ҳеҷ гоҳ миёни дину миллат интихоб намудан вуҷуд надошту надорад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо